Ҳисоботҳои солона Ҳисобот барои 2024 сол
Молия ва дастгирӣ

Дар соли 2024 хароҷоти умумии пулӣ 83 000 долларро ташкил дод. 70% ин маблағро мо ба кормандон, яъне ба ду ҳамоҳангсозе, ки нопурра кор мекарданд, сарф кардем. Дигар аъзоёни раёсат ва волонтёрҳои асосӣ бемузд вақт ва таҷрибаи зиёди худро гузоштанд.
| Моддаи хароҷот | Ҳиссаи хароҷоти пулӣ барои соли 2024 |
|---|---|
| Кормандон | 70% |
| Мутахассисон бо шартнома | 15% |
| Хароҷоти амалиётӣ | 10% |
| Кӯмаки ҳамдигарӣ | 5% |
Хароҷоти амалиётӣ 10%-и буҷетро ташкил дод: хӯрок барои чорабиниҳои ҷомеа, чоп, обуна ба сайт ва воситаҳои алоқа, ҳаққи узвият.
Мо инчунин мутахассисонро барои лоиҳаҳои кӯтоҳмуддат ва дастгирӣ ҷалб кардем ва 15%-ро ба шартномаҳои мустақил сарф кардем. Кӯмаки мутақобиларо бо пул, компютерҳо, ашёи рӯзгор, либос ва воситаҳои беҳдошт (5%-и буҷети пулии мо ва илова бар ин хайрияҳо бо ашё) мо ба одамони ҷомеа, ки ба вазъи душвори молиявӣ афтода буданд ё бо мушкилоти саломатӣ рӯ ба рӯ шуданд, тақсим кардем.
Маблағгузорӣ
Дар соли 2024 маблағгузории мо барои хароҷоти асосӣ кифоя накард. QARAVAN аз фондҳои хусусӣ (40 000 доллар) ва ба шакли хайрия аз шахсони алоҳида (6 000 доллар) пул гирифт. Мо ба саҳми ғайрипулии волонтёрҳо ва шарикон хеле такя мекунем: вақт, бино ва ашёи хайриявиро мо тахминан ба 250 000 доллар арзёбӣ мекунем.
- 40 000 доллараз фондҳои хусусӣ гирифта шуд
- 250 000 долларба шакли вақт, бино ва ашёи хайриявӣ гирифта шуд (арзёбӣ)
- 6 000 доллараз шахсони алоҳида ба шакли хайрия гирифта шуд
Ташкилотҳое, ки моро дастгирӣ карданд
Мо ба ташкилотҳое, ки моро маблағгузорӣ карданд, ташаккур мегӯем:
- WSCF
- NYC Pride
- AYCO Charitable Foundation
- Statue Foundation Inc
QARAVAN барои кӯмаки ғайрипулӣ, ҷойҳо барои вохӯрӣ, маводҳо, либос, мебел ва хизматрасониҳое, ки ин ташкилотҳо ба мо доданд, хеле миннатдор аст:
- Brooklyn Community Pride Center
- SAFE (Seeking Asylum & Finding Empowerment)
- NYU Langone Health (New York University Langone Health)
- RIF Asylum Support
- Materials for the Arts (Департаменти корҳои фарҳанги Ню-Йорк, New York City Department of Cultural Affairs)
- Congregation Beit Simchat Torah
- Riverside Immigrant Services & Empowerment
- Coney Island USA
Инчунин ба ҳамаи донорҳои хусусӣ ва ҳамаи онҳое, ки саҳм гузоштанд. Ташаккур!